зи роҳи ъшқбозии ин дил шайдо наме гардад
Ки ҳаргиз аз тариқи хештан дарё наме гардад
Тавонад одамӣ шуд авлиё , ориф шудани мушкил
Шавад хӯни шер дар пистон вале саҳбо наме гардад
Ба хуши чашмӣ касе соҳиби назар кӣ метавонад шуд
Ки наргиси серума со гардад вале бино наме гардад
Суроғи чашми Лайлӣ аз ғизолон карданӣ дорад
Ки маҷнӯн нест он девона дар саҳро наме гардад
Мабодои пой ранҷидани мукаррар дар миён ояд
Гиреҳ чун бар гиреҳ афтод дигар вонмӣ гардад
Саломатро намехоҳанд риндони маломати каш
Ба кӯии неки номии ишқ бепарво наме гардад
Замони тандурустӣу ҷавонӣ бебадал бошад
Ки ин байти алҳзн чу шуд хароб эҳё наме гардад
зи бозори дилам бо холи он рӯ зулф ме донад
Ки чун шаб дар миён омад дигар савдо наме гардад
Съидои андалеби боғ он раъност каз лутфаш
[ гулӣ ] монанди хораш дар ҷаҳон пайдо наме гардад