Забони бастаи мо савт бесадо дорад

Лаб хамӯш ба дили ҳарф ошно дорад

Ба саъй ҳар ки Абуҷаҳл нафас карда ба чоҳ

Қисм ба умра ӯ каъбааш сафо дорад

Мау ситорау хуршеди ин ғалат ҳарфӣ аст

Фалаки зи гардиши айёми доғ ҳо дорад

Чаро чу чархи фалаки зулф саркашӣ накунад

Ки офтобу мау Зуҳра ва сҳо дорад

Агар ба каъба равад дил агар ба қудси халил

Муҳаббати Наҷафу шавқ Карбало дорад

Нишони қомати он шӯх медиҳад дил ро

Аз он ба мисраи барҷастаи сарв ҷо дорад

Дар интизори хаданги ту сайд Ром карда

Давида мераваду чашм бар қафо дорад

Дилӣ ки ёфт съидои паноҳ дар хами зулф

Чаҳ ғами зи сояи бол [ ва ] пар ҳумо дорад