Соғар аз гардиши адвор чаҳ парво дорад
Аз шикастани сари саршор чаҳ парво дорад
Даврӣ аз рӯй ту дилро зи сиёҳӣ ғам нест
Бе ту ойӣнаи зи зангор чаҳ парво дорад
Дили хӯни бастаи ман ошиқи захм ситам аст
Андалеби чаман аз хор чаҳ парво дорад
Манъи дили кас натавонад кунад аз кӯии ҳабиб
Андалеб аз дару девор чаҳ парво дорад
Чин нагирад ба ҷабин рӯй замин аз афлок
Коғаз аз гардиши паргор чаҳ парво дорад
Ҳарфи ҳақи гӯии съидои зи ҷаҳони боки мадор
Ҳар ки Мансур шуд аз дор чаҳ парво дорад