Ошиқ аз худ чу равад иззат дигар дорад

Ишқи беруни зи ҷаҳони давлат дигар дорад

Олимӣ дар талаби каъбаи вази ин бихбрнд

Ёри мо ғайри ҳарами хилват дигар дорад

Ғайри ҳафтод ва се мазҳаб ки дар ин олам нест

Ишқи роҳ дигару миллат дигар дорад

Обрӯ бар сари ширинии даврони мФшон

Кин намаки чошнӣу шарбат дигар дорад

Гарчи ҳасани ту ва мо ҳар ду ғарибем ғариб

Лек танҳои мо ғурбат дигар дорад

Куштагонро қадамаш гарчи кунад миннати дор

Соя ӯ ба замин , миннат дигар дорад

Хори гул гарчи ба қадар аз рухи гул камтар нест

Хорхори ғам ӯ қимат дигар дорад

Гарчи умрӣаст съидо ки ба шодӣ шодем

Лек ғам бо дили мо сабақят дигар дорад