Магари хабари зи дили хастаи он нигор надорад
Чаҳ оташӣаст ки имшаби дилам қарор надорад
Дуруст гӯямат аз дил мабод ранҷаи шӯй
Ки ин шикаста ба пеши ту эътибор надорад
Биё ки суҳбати риндони муфарраҳ афтода аст
Ҳавои машраби софии дилон ғубор надорад
Ки рости фикри ғами хотири шикастаи дилон
Барои шишаи мо санг , интизор надорад
Ба рӯзи маъракаи ишқ , кӣ буд Мансур
Сиррӣ ки дасти иродат ба пой дор надорад
Чаҳ лиззатаст ба ошуфтагӣ наме донам
Кадоми ғунча ки дар сина хорхор надорад
Биёу даст ба хӯни Саид рангин кун
Ки ранги хӯни шаҳиди туро баҳор надорад