Олами зи харобии сар тадбир надорад
Ин ҳарфи парешон шуда таъбир надорад
Аз бскаҳи асосаши зи таҳи кор хароб аст
Вайронаи мо тоқат таъмир надорад
Абрӯии ту хуши сахт камонеаст ки чун ӯ
Дар маъракаи ҳодиса тақдир надорад
Шаби рӯз чисон кард ба ин сарди дамии субҳ
Ин тозаи ҷавонгар нафас пер надорад
Оҳӣ ба каф оред ки кории натавонад
Мардӣ ки дар ин маърака шамшер надорад
эй оина хуш бош ки чу акси ҷамолаш
Монӣ ба тарабхона тасвир надорад
Риндӣ ки кашад бода ва мастӣ кунад ифшо
Аз пери Муғони рухсат такбир надорад
Дар шаръи ҷунун ҳар чаҳ дилат хост миндиш
Кин қозии мо ҳукм ба такфир надорад
Мастаст зи баси мӯҳтасиб аз дидани чашмат
Мисатони туро тоқат тъзир надорад
Аҳволи ҷаҳонро зи съидои ту чаҳ пурсӣ
Ин хоби гарони ҳоҷат таъбир надорад