Субҳдам аз шаби васли ту асар май орад
Офтоб аз сари кӯии ту хабар май орад
Дигар аз рӯз қиёмат наҳаросад ҳаргиз
Ҳар ки бо ман шаби ҳиҷрӣ ба саҳар май орад
наметавон гуфт дили оинаро аз санг аст
Ки ба рӯй ту чунин тоби назар май орад
Мазаи чошнии лаъли ту дар коми хаёл
Донад он кас ки ба сад хӯни ҷигар май орад
Муфлисии боиси такмил касе ме гардад
Ҳар ки безар чу шавад рӯ ба ҳунар май орад
Осмони буқаламуни соз агар нест чаро
Ҳар замон дар назарами ранг дигар май орад
Фикри попуши чҳо гардани мардум хам кард
Чаҳ балоҳо ба сари кӯҳ , камар май орад
Бенавоӣаст нўобхши съидо ки дарахт
Барг май резад ва он гоҳи самар май орад