Нашъаи саршори чашми масти соқӣ кор кард
Роҳ ноҳамвор ҳастиро ба мо ҳамвор кард
Хоби ғифлат дар шаб ҳастӣ зи ҳушами барда буд
Ёд ӯ кардам тапиданҳои дил бедор кард
Зард рӯтар мешавад аз меҳр дар чашми касон
Гармии ишқи туро ҳар кас ба ғайр изҳор кард
Дар риёзи даҳр ҳар касро ки аз боди тамаъ
Ғунчаи умед то гул кард ӯро хор кард
Лиззати таъми шароби бихўдиро чун барад
Ҳар ки роҳу расми аҳли завқро инкор кард
Шукр ллаҳ шуд халос аз ҳалқаи аҳли риё
То съидои риштаи тасбеҳро зуннор кард