Доғро чун лолаи аҷзои бадан хоҳем кард
Баъд аз ин монанди гули ҷо дар чаман хоҳем кард
Қӯтигар монда бошад баъд аз ин дар пои фикр
Чашмро пӯшидаи сайри анҷуман хоҳем кард
Гуфтугӯ бо халқи ташвиши дил озурда аст
Хомширо қуфли васвоси сухан хоҳем кард
Ҷисми хокиро зироатгоҳ ҳасрат ме кунем
Гиряро оби равони он чаман хоҳем кард
Муҳраи меҳри сулаймонӣ ба даст оварда ем
Хок бар фарқи сари деви мҳн хоҳем кард
Чун Зулайхои соҳиби мақсад съидо нестам
Дидаро бино ба буии перҳан хоҳем кард