Файз аз кӯчаи маъшуқа ҳаво ме гирад

Накҳат аз турра ӯ бод сабо ме гирад

Ба дами субҳи фано ҳар ки шабӣ ҳастӣ дод

Файзҳо аз нафаси субҳ бақо ме гирад

Ҷой дар дидаи афтодаи худ соз ки сарв

Дар канори лаб ҷӯ нашав ва намо ме гирад

Нашавад гуми пайаш аз дидаи ошиқ ки зи лутф

Ҳар куҷои пой наад ранг ҳино ме гирад

Хирмани сӯхтаи толеъи дил бесабру сукӯн

Оташ аз санги асар аз фар ҳумо ме гирад

Хати мишкӣни ту ҳар чанд ки омад зи хато

Нукта бар рӯй ту аз рӯй хато ме гирад

Душман аз дасти съидои натавонад ки равад

Гар равад аз раҳи тақдир қазо ме гирад