То каманди ваҳдат дил кардаам мӯии ту ро

Такяи гоҳ хеш кардам тоқи абрӯии ту ро

Гар ба сад пероҳан Юсуф бипечӣ бози ҳам

Бо димоғи ошуфтагиҳо май барам буии ту ро

Бениёзиҳо туро аз нози ҳам бегона кард

Хуб медонам туро табъи туро хуии ту ро

Ваҳшии чашми ту улфат бо касе нагирифта аст

Ром кӣ кас метавонад кард оҳӯии туро ?

Ростии болаззоти як мӯ нест дар зулфи каҷат

Каси мусулмон кӣ тавонад кард ҳиндӯии туро ?

Ҷӯйбори дидаи худро агар дарё кунам

Кӣ тавон дар бар кашӣдан сарви дилҷӯии туро ?

Аз азал бо ғами съидои устихон парварда аст

Кӣ шавад хӯни шери модари Тифли бдхўии туро ?