Ба рӯи туро чу хати мшкбор пайдо шуд

Ғубори оинаро эътибор пайдо шуд

Ба даври хати рахт комёб шуд дил ҳо

Гули мурод дар ин рӯзгор пайдо шуд

Барояд аз дили маҷрӯҳ , оҳу нолаи гарм

Паланги доим аз ин кӯҳсор пайдо шуд

Ҳазор нақш ба дилҳои ошиқон барбаст

Ҳар он шикан ки ба зулфнигор пайдо шуд

Хаёл дар назар оварад ранги он глрўӣ

Маро ба синаи дили хорхор пайдо шуд

зи мавҷи хези ҳаводис , аҷал халосам кард

Ки баҳри шӯри фаноро канор пайдо шуд

Ба даври ориз ӯ фитнаҳои хобида

з сар кашӣдан хати ошкор пайдо шуд

Чигуна хўонмши одам касе ки огаҳ нест

Чаҳ кор дораду баҳр чаҳ кор пайдо шуд

Карам нишаст съидои зи по ва шуд маъюб

Ривоҷи бухл дар ин рӯзгор пайдо шуд