Мардумӣ , фаҳм , адо , тарси худо , раҳми баҷо

Нозами он чашми сиёҳи ту ки дорад ҳама ро

Ъшқбозӣу фақирӣу ҷунуну ғами ёр

Дорам инҳо ҳамаро шукри худо , номи худо

Нест бокӣ зи ҳаводис чу ту ёвар бошӣ

Чаҳ ғам аз зулмати исён чу туе роҳнамо

Асари пер шудани қатъи ҳаво ва ҳавас аст

Кори шамшер дар ин боб кунад пушти ду то

Нусрат аз ҳар тарафӣ рӯй диҳад барад ман аст

Ҷазбаи зулфи ду то ё кашиши оҳи расо

Ҳар киро дид тамаъ бар дил ва дайнаш барбаст

Чашм ӯ ҳам ба сифат нест кам аз чашми гадо

Даври бенанду зи наздик назар ме пӯшанд

Ҳамаро чашм ба ҳам дӯхта чун банди қабо

Айби пӯшидани ин тайифа айбӣаст бузург

Ҳамчуи ойӣна аз ин рӯй намоянди сафо

Ҳамчуи ҷғдӣ ба харобӣ биншинӣ беҳтар

Назд ҳиммат ки рӯй дар кнФи боли ҳумо

Дар муҳимоти ҷаҳон аз ки тавон хости мадад

Мӯсоиро ки буд ҳоҷати кораш ба Асо

намесипорам ба ту ҷону дили худро аммо

Ҳар чаҳ аз даст ту ояд накунӣ бози хато

Бскаҳ дар ғайбати худ рехтаанд об аз рӯ

Нест чун мардумаки дида дар ин қавми ҳаё

Дилбарами қасд ба ҷон карда съидо бархез

Гар туро ҳаст дилии ҷавҳари худро бинмо