Ҳар гуҳ ки дил ба ёди лабӣ ҷӯш ме занад

Сад мавҷи бӯса бар лаб хомӯш ме занад

Гирдам ба гирди масти шаробӣ ки бе дареғ

Худро ба зӯри ғамза дар оғӯш ме занад

Бар ҳам намезанад мижа , чашми таҳайюрам

Гуҳ дар ҳавои дӯш дар оғӯш ме занад

Миноу ҷому духтари руз рақс ме кунанд

Бӯсу канору ханда ба ҳам ҷӯш ме занад

Минои бодаи оина гар нест пас чаро

Доим ба қалби ринд нмдпўш мезанад ?

Хомаш нашуд ҳикояти хомони рӯзгор

Оре ҳамеша деги ҳавас ҷӯш ме занад

Саҳбои насиби кӯза сарбаста ме шавад

Маънӣ ҳамеша бар лаб хомӯш ме занад

Мижгони кулоҳи ақл съидо занад ба тир

Абрӯаши теғ бар камар ҳуш ме занад