Ҳар каси назар ба сӯии ту аз давр ме кунад
Ҳар хонаро хаёли ту пурнур ме кунад
Бигузар зи чину чинӣ ва дар соғари суфол
Май нӯш эй фақир ки фағфур ме кунад
Бар доғҳои куҳнаи сад орзӯии хом
Перии алоҷи марҳам кофур ме кунад
Дорӣ ба ёдгор агар захми теғи ишқ
Алмоси резаи пош ки носур ме кунад
Не май ба ҷому неи дили ҷамъ ва на сархушам
Хушҳоли он ки кор ба дастур ме кунад
Ҳар кас ки дилнишин хилоиқ шавад ба саъй
Ҷо дар миёни хона занбӯр ме кунад
Шурӣ ки ишқ дар сари ман ҷой карда аст
Охир ба зӯри коса танбур ме кунад
Ҳақи намак ба ҷой наёрад ҳар он ки ӯ
Ҳасан намак фишон тўош кӯр ме кунад
Пӯшидани назар на зи ҷамъият дил аст
Зоҳиди риёи зи чашми ту мастур ме кунад
Гар нест ҳеҷ манфиатӣ аз шароби талх
Муфтии ҳамин басаст ки масрур ме кунад
Ҳар ҷои ғамӣ ки роҳ ба ҷое наме диҳанд
Бедасту по ба синаи ман зӯр ме кунад
Сад офарин ба даст ва ба бозуии он ки ӯ
Дар зери хоки дона ангур ме кунад
Мӯсо сиёҳ карда назар меравад ба тавр
Дилро нигоҳи чашми сияҳ тавр ме кунад
Силӣ магар қафост съидо ки рӯзгор
Бози ин харобаро з чаҳ маъмур ме кунад