Хубон на ноз [ биҳдаҳ ] оғоз ме кунанд

Эшон ба бурдани дили мо ноз ме кунанд

Чун сарв ҳар касе ки зи баргу самари гузашт

Озод мекунанд ва сарафроз ме кунанд

Дар кор мекунанд ду сад уқда дигар

Ҳар уқдае ки аз дили мо боз ме кунанд

Онон ки сар ба ҷайб тафаккур кашида анд

Бар рӯй худ зи ғайб , дарӣ боз ме кунанд

Хомӯш нестанд фурӯрафтагони хок

Аз роҳи дил ба ҳамдигар овоз ме кунанд

Ҳар дами ҳазор мурғи ҳавас аз сарири дил

Бехеш дар ҳавои ту парвоз ме кунанд

Ойӣна мешавад дил агар оҳанӣн буд

Дар оташи ғами ту чу пардоз ме кунанд

Мурғони боли бастаи назора ҳар замон

Дар роҳи интизори ту парвоз ме кунанд

Хишти сарои адл ба сад ҷавр май кашанд

Аз зулм , хонае дигар оғоз ме кунанд

Кӣ мекунанд кори худои ҷаҳонён ?

Гар мекунанд бози худо соз ме кунанд

Бо нозпрўрони ситамгари ҷФокшон

Арзи ниёзи хеш ба андоз ме кунанд

Файзӣ намебаранд съидои зи аҳли дил

Онон ки шарҳи ҳоли дил оғоз ме кунанд