Ҳар он сайд каз дом ғофил нишинад
Гирифтор дар даст қотил нишинад
Карим аз раҳ лутф бархезад аз ҷой
Бар он дар ки аз аҷз , соил нишинад
Бӯда бодаи соф ва бе ғаши насибаш
Чу хам ҳар ки дар базм комил нишинад
Насиҳат буд гарчи ширин чу шукр
Вале бадтар аз тир дар дил нишинад
Парешон шудам дар миён ва надидам
Касе ков ба ҷамъият дил нишинад
Съидо хушо ҳоли он фақру хоҳиш
Ки бархезад аз тахт ва дар гул нишинад