Ҳар бутӣ қибла намой дил доно нашавад
Тӯтии ақли з ҳар оина гуё нашавад
Ошиқ аз ҷилваи маъшӯқ намоён гардад
Сарв то сар накушуд фохта пайдо нашавад
Бар дар дил чаҳ зании ҳалқа ки ин қуфли гарон
Бе мададкории мифтоҳи дуои воншўд
Роҳ дар зери лаби фохта пинҳон гардад
Сарв агар пешрави он қад ва боло нашавад
Бо чунин сангдилии зоҳид агар хок шавад
Гул шавад кӯза шавад соғар ва мино нашавад
Ба яқини дида ёқӯб нахоҳад бӯдан
Ки расад перҳани Юсуф [ ва ] бино нашавад
Ба ғалати роҳ дар он кӯй намеёбад кас
Ҳар гадоӣ ба дар дӯст съидо нашавад