Ҳар ки ғофили як нафас шуд соҳиби дам кӣ шавад ?
Каҷ гузорад он ки по дар роҳ , ақдм кӣ шавад ?
Кӣ ба ҳарф ояд агар донад муаллим дар қафост
Тӯтии огаҳ чун буд зи ойӣнаи ҳамдам кӣ шавад ?
Каъбаро бигзору тўФи хона хумор кун
Ончӣ аз хам мешавад пайдои зи замзам кӣ шавад ?
Синаи мо бехарош дил намеёбад сафо
Захми мо бе резаи алмоси марҳам кӣ шавад ?
То чу бад бо бади бадӣ некӣ нахоҳӣ дид аз ӯ
Ҷуз ба эҳсону муруввати хасми мулзам кӣ шавад ?
Кӯй аз майдони съидои номдорон барда анд
Ҷон агар бахшад касе бар мурдаи ҳотам кӣ шавад ?