Дили зи бедоди ғами хубон мусаффо ме шавад
Аз ғубори роҳи Юсуф , кӯр бино ме шавад
Аз ту зебо май намояди дил ба ҳар навъе барӣ
Ишвагар бо ноз ҳамроҳаст раъно ме шавад
Ончии ман дар гиряи худ дидаам аз рӯй ту
Гар набошад дар миён рӯй ту дарё ме шавад
Садҳазорони ҷон ба қурбон ту дорад интизор
Бар сари кӯии ту як рӯзӣ тамошо ме шавад
Кори ман вобаста чун тавъам ба кор мардум аст
Ком ширин мекунам аз ҳарки ҳалво ме шавад
Ҳар хадангиро ки меандозад он абрўкмон
Бо рақибонаст мунҷари боз бо мо ме шавад
Муддаии имрӯз аз мо гуфтугӯ пӯшида аст
Гар худо қозӣаст фардои ин сухан вомӣ шавад
Гирд ҳастиро съидои хок доман ме кунам
Ончӣ гум кардем дар ин хона пайдо ме шавад