Бесифат гар шавад ин ҷони алойиқи осор

Соя сар накунам ҷузи алифи қомати ёр

Ҳар нафаси дил ба ту роҳ дгарӣ ме ёбад

Чораи кӯии ту берун буд аз ҳади шумор

Баҳрро киштии мо мавҷ сифат ме гардад

Ки равад то ба миён гоҳ бияёд ба канор

Дами фурӯбанд ва ба ман роҳи суханро вокн

Ки кашад аз нафаси ойӣнаи табъами озор

Гуҳ худо донам ва гоҳе ба худо нодонам

Гоҳи тасбеҳ ба каф дорам ва гоҳе зуннор

Тарк ҷонон накунӣ тарк ҷаҳон натавонӣ

Ҳар ки аз сар гузарад мегузарад аз дастор

Ғофилонро натавон кард съидои огоҳ

Ҳар киро хоби адам барад нагардад бедор