Чун шавад ошуфтаи зулфаш аз насим бе хабар

Ҷунбиш зулфаш кунад рухсораашро [ нилФр ]

Тӯтии мо нутқи худро метавонад сабз кард

Ҳарф ширинаш кунад чӯби қафасро нешикар

Буии гул аз по науфтад гар фитад гули пеши по

Ҳар насимӣ мешавад бар накҳати гули болу пар

Чун тавон дидани балоеро ки аз эъҷози лутф

Хешро пинҳон тавонад кард дар айни назар

Аз чунин базмӣ намедонем чун хоҳем рафт

Ёр бепарво ҷаҳон бидамасту ёрон бе хабар

Дар дили зиндониёнро чун ба таҳрик оварад

Нолаи занҷири ҳам дар гӯш мо дорад асар

Мо назарбозем аз ҳар ҷо тамошо ме кунем

Нест ғамгар афканди он тоқи абрӯ аз назар

Ҳаст то дил кӣ зи даст фикр мегардад халос

намекашад ҳар дами гиребони баҳрро мавҷ дигар

Ҷавҳари мардӣ дар он соъат намоён ме шавад

Чун кунанд ойӣнаи мардони рӯбарӯ бо ҳам дигар

Нанг ва номӯсӣ намонад ҳирс чун ояд ба ҷӯш

Об аз рӯ меравад дар вақти гармои бештар

Нест то маҳшари съидо бо шаҳидонаши хумор

Хӯрдаанд аз неши ханҷари бодаҳои дарди сар