Нусхаи акси рух ӯ , маи тобони ҳозир
Шоҳиди ҳарфи лабаши лаъли Бадахшони ҳозир
Ҳар ки сар аз хати фармони ту берун созад
Теғи абрӯ , расани зулфи парешони ҳозир
Дил ба куфри хами зулфаши сар савдо дорад
Гар қабулаш нашавад ҷону дили имони ҳозир
Гар саводи хати ёқӯти надорӣ эй дил
Мусҳафӣ бар варақи гули хати райҳони ҳозир
Мункири Юсуф мо кист бигӯ эй дили зор
Қадамии пеши бунаи чоҳи занхдони ҳозир
Мункири чоки дил субҳ нагардад хуршед
Теғи олӯда ба хӯни захми намоёни ҳозир
Гар сар рафтан аз хеши съидои дорӣ
Шоҳроҳи назару чоки гиребони ҳозир