Шуд умрҳо ки аз назари афтодаи хоби мо
Ранг парида мешаканд обу тоби мо
Печидааст ҳалқаи зулфаш бар он миён
Гуё зи моҳи бастаи камари офтоби мо
Омад рақиб ва бода кашид ва хабар кашид
Хуши тавбаҳо шикасти зи буии шароби мо
Пайваста сар диҳад ба ҳавои нигоҳ ӯ
Бо баҳр иттиҳод надорад ҳубоби мо
Ҳашар аз миёнаи номаи моро бурун фиканд
Шуд ҷамъ , хотир аз гунаҳ бе ҳисоби мо
Мо ошиқем ҳар ки ба тақлид дам занад
Бошад гуноҳ дар паии амри савоби мо
Он шуълаи ху мизоҷ надонам чаҳ ме кунад
Оташ фиканда дар ҷигари дили кабоби мо
Аз хати даври ориз ва аз ҳалқаҳои зулф
Бар моҳ бастааст камар , офтоби мо
Кӯтоҳи сайр , умри съидоу роҳи давр
Беҳуда нест дар паии ҷонони шитоби мо