Дар нигоҳи бут худком намебошад меҳр

Дар дили санг длором намебошад меҳр

Моҳрӯёни димишқии зи вафо бе хабаранд

Рост бӯдааст ки дар шом намебошад меҳр

Раҳм дар ҳалқаи он зулфи хами андар хам нест

Аз азал дар нигаҳ дом намебошад меҳр

Бскаҳ сардаст ҷаҳон дар назари грмрўон

Зон сабаб бар сари ин бом намебошад меҳр

Офтобӣаст ниҳон дар хам ҳар ҳалқаи зулф

Ин ғалат бӯда ки дар шом намебошад меҳр

Ҳамаи кас дӯст шавад бо ту агар дории дӯст

Чун буд поя илзом намебошад меҳр

Раҳмро ҷои сар мӯ нест дар абрӯӣ батон

Теғро бар ҳама андом намебошад меҳр

Хабар аз ташнаи лабон , баҳр куҷо ме гирад

Ҳар киро ком саранҷом намебошад меҳр

Бо съидо накунад ёри ҷафои худ чаҳ кунад

Дар дили санг длором намебошад меҳр