Субҳдам то шудаи беруни зи уфуқ , ховари меҳр

Рафт ҷон бар сари меҳру дили ман дар бар меҳр

Зоҳиру ботини маъшӯқ ба ҳам дорад ҷанг

Дил ӯ сӯрати қаҳру тан ӯ пайкари меҳр

Шаҳр холӣаст зи хубону дили золими сахт

Бошад аз ғайб расад бар сари мо лашкари меҳр

Субҳдами таҳ ба таҳи ғунчаи гулро дидам

Ҳамаи хӯни бастаи з беМеҳрӣ ӯ бар сари меҳр

Ҷуз таҷаллӣ набӯд ҷисми марои ранги вуҷӯд

Нест ҷузи зарраи ҳавохоҳ ба болу пари меҳр

Озарашро зи азали қӯт гироӣ нест

Ки нашуд пухтаи яке хом аз ин ахгари меҳр

зи оташи ҳасани ту хуршед агар сӯхт чаҳ бок

наме тавон сохт дусади меҳри зи хокистари меҳр

Чун сабои зулфи шаб аз чеҳра мақсӯд гушӯд

Буд тғрои хати мишкӣни ту бар дафтари меҳр

Фалак аз ҳалқа ба гӯашон дар ҷонон аст

намекунад саҷда ба пеши бути мо довари меҳр

Кӣ расад бодаи дидори съидо то ҳаст

Андарин майкадаи минои фалаку соғари меҳр ?