Бишанведи ин нуктаро эй аҳли роз
Шуд аз ин мақбули Маҳмӯдии Аёз
Пештар зон маҳви гардӣ дар ҷаҳон
Хешро аз хотири худ маҳви соз
Хуб будигар сухан аз ин ва он
Пас раво будӣ каломи андари намоз
Гар ҳарифати пари дағо афтода аст
Нақди ҷонро дар дағояши поки боз
Гарчи ноз аз ёр бошад хуши адо
Хуш намо бошад зи ошиқи ҳам ниёз
Фориғ ояд аз тамизи дигарон
Ҳар ки худро карда бошад имтиёз
Чашми дили хоҳии съидо во шавад
Хоки пой [ некӯон ]ро серумаи соз