зи дарди мо на ҳамин ошно кунад парҳез

зи бедилии аҷал аз дард мо кунад парҳез

з талхкомӣ зотем бас аҷаб набӯд

Ки аз шикастаи азмам ҳумо кунад парҳез

Ба гоҳи ҷилваи чунон нозукаст он кафи по

Ки ҳамчуи чашми зи ранг ҳино кунад парҳез

Ғубори роҳи ту ҳар дидаро ки дод ҷило

Дигар зи серума ва аз тўтё кунад парҳез

Даруни савмиъаи худро ҳилол ме созад

Риёгарӣ ки з нашав ва намо кунад парҳез

Аз он замон ки зи ёқӯтӣ лабаш хӯрдам

Дил шикастаам аз мумиё кунад парҳез

Касе ки хок шавад зар ба дасти ҳиммат ӯ

Ба хок уфтад ва аз кимиё кунад парҳез

Ҳакими хастаи дилони ғайр аз ин ҷавоби надод

Ки гуфтамаш ки Саид аз чҳо кунад парҳез

Барои қӯти имону заъфи исломаш

Кабоби доғи макад аз ҳаво кунад парҳез