Аз ҳаёти абади он рӯҳи равони моро бас

Мо гузаштем зи ҷон , сӯрати ҷони моро бас

Бо рақибон агар изҳор карам ме созад

Гузаронаст ҳамин лутфи ниҳони моро бас

эй ҷавонон ба шумо фасли баҳори арзонӣ

ПироФшонии ҳангоми хазони моро бас

Дидаро қисмати дидори ту ҳар чанд намонад

Дар раҳи васли ту чашми нигарони моро бас

Гарчи аз соғар даврон накашидем [ меӣ ]

Назари ҷозибаи пери Муғони моро бас

Тамаъ ганҷ накардем дар ин дайри хароб

Ҳамчуи Марии кафи хокӣ ба даҳони моро бас

Ба таманнои дами гарм масеҳо наравем

эй съидои нафаси сӯхтагони моро бас