Пой андоз зи пои афтода домонаст бас
Дастгири дасти кӯтоҳон гиребонаст бас
Дар тариқи охират дунё намеояд ба кор
Зоди ин раҳ то қиёмати аҳд [ ва ] паймонасту бас
Ҳеҷ дастӣ бар гиребони фалак роҳӣ наёфт
Ин либоси танги сар то пой домонаст бас
Лутфи маъниро дил маҷрӯҳ медонад ки теғ
Ҷилвагар имрӯз дар захм намоёнаст бас
Киштии тан аз нигоҳи тунд май печад ба худ
Чини пешонӣ дар ин ҷои мавҷ тӯфонаст бас
Костанҳо дар пайаст эй моҳ болидан чаро
Ҳар ки судӣ мекунад имрӯз нуқсонаст бас
Ҷаҳл беандоза дар дунёи калид давлат аст
Хасмии дунёи ҳамин бо аҳл ирфонаст бас
Лутф беҳаду ҳисоби ёри моро кушта аст
Шиква аз дардӣ ки мо дорем дармонаст бас
Нест қобили файзи мутлақро съидои ғайри ту
« илми алосмо » ҳамин дар боб инсонаст бас