Ашкӣ ки ба гулшани чаман оро накунад кас

Зинҳор ки аз дида таманно накунад кас

Муҳкам нашавад ҷазбаи қуллоби муҳаббат

То аз таҳи дил дар дили ҳам ҷо накунад кас

Бурдор зи рухи парда чу хуршед ки ҳаргиз

Аз саҳв дигар ёд масеҳо накунад кас

Хуши неъмати оми ту забони ҳамаро баст

То аз ту дигар шиква беҷо накунад кас

Бар оҷизу бечора агар раҳм савоб аст

Пас раҳм чаро бар ту съидо накунад кас ?