Чашмӣ ки гуҳарбор набошад чаҳ кунад кас

Он ҷом ки саршор набошад чаҳ кунад кас

Дилдор ки ғмхўор набошад чаҳ кунад кас

Ёрӣ ки вафодор набошад чаҳ кунад кас

Аз ҳоли зи худ бехабарон бехабар аз хеш

Ҳар лаҳза хабардор набошад чаҳ кунад кас

Дар дори ҷаҳони мартабаи шайхи ҷунайдӣ

Мансур ки бар дор набошад чаҳ кунад кас

Зулфӣ ки напечад ба камар хуш нанамояд

Дар куфр ки зуннор набошад чаҳ кунад кас

Зоҳиди зи хароботи сухани барад ба масҷид

Дар хирқа ки саттор набошад чаҳ кунад кас

Олами ҳамаи гулзор буд лек чу наргис

Он дида ки бедор набошад чаҳ кунад кас

Мақсӯди з хуршед итобаст [ ва ] ҳарорат

Моҳӣ ки ситамкор набошад чаҳ кунад кас

Боғӣаст ҷаҳон лек пар аз хори маломат

Он боғ ки гулзор набошад чаҳ кунад кас

Он дил ки ба зулфи санами лолаи изорӣ

Чун тоб гирифтор набошад чаҳ кунад кас

Риндӣ ки парешоне ӯ зоҳиру пайдо

Аз гӯша дастор набошад чаҳ кунад кас

Дорем з ҳар гӯнаи матоъӣ ва дар ин шаҳр

Мардӣ ки харидор набошад чаҳ кунад кас

Манзури съидои зи ҷаҳон рӯй батон аст

Дар хулд ки дидор набошад чаҳ кунад кас