Чарх бо мо дили мусаффо гар набошад гӯ мабош

Оинаи зангии мҷло гар набошад гӯ мабош

Шаҳсавори роҳи ғамро дил ба манзил май барад

Дар тариқи дӯстии по гар набошад гӯ мабош

Чун буд ҳамхонаи душмани хонаи вайрон беҳтар аст

Чун набошад дӯст , дунё гар набошад гӯ мабош

Гирди сари гардиданаш кофӣаст шамъи базм ро

Дар чамани парвонаро ҷо гар набошад гӯ мабош

Кокули мишкӣн барои бурдани дилҳо бас аст

Ҳалқаи зулфи самани со гар набошад гӯ мабош

Аз назарҳо чун съидо кард пинҳони рӯзгор

Сӯрати қабри ту пайдо гар набошад гӯ мабош