Чаро параст зи олам , дили харидораш

Ки сим носара омад ҷаҳон ба бозораш

Нишони кӯй касеро дилам талаб дорад

Ки офтоб буд пушт ва рӯй девораш

Дилӣ ки бе?илам рӯзгор бошад нест

Фалак ба чарх даромад зи доғ бисёраш

Чаҳ гӯям аз гули рӯе ки наргиси чашмаш

Ба соя мижа созад зи хоби бедораш

Миёни ин ҳамаи аҳли назари съидои ёр

Нигоҳи ҷониб мо дошт ҳақи нигаҳдораш