Бардоштем чу назар аз эътибори хеш

Дидем бе музоиқаи дидори ёри хеш

То дидаем ҷавҳари шамшери мавҷи об

Дорем завқи ғӯта задан дар канори хеш

Дар қайди тори сохтаи риштаи сулӯк

Афтодае ту чун гуҳар аз эътибори хеш

Равшандилон ки доғи ту бурданди зери хок

Аз лола кардаанд чароғи мазори хеш

Ҳар дами ҳазор нола кунам ҳамчуи андалеб

Аз шуъбаҳои толеъи носозгори хеш

Кардем гирд ҳастӣ худ поймоли ишқ

Бардоштем аз оинаи дили ғубори хеш

Дар чашми ноқисон чаҳ банноӣ ниҳода аст

Гардун ба боми рехта бе мадори хеш

Булбули шикасти нохуни тадбири худ ба дил

Аз хори гул алоҷ кунад хорхори хеш

Аз касрати раёсат ки српичу сбҳаҳ ро

Зоҳид гузошт бар сари санги мазори хеш

То дид ҳар ки ҳаст ба домӣаст мубтало

Шаҳбоз ҳамтем накунад ҷузи шикори хеш

Аз чашми рӯзгори съидо фитода ам

Ҳаргиз накардаам гила аз рӯзгори хеш