Ман дидаам онро ки маконе нест мушаххас

Аз бскаҳ латифаст аз он нест мушаххас

Таҳқиқи маъонӣ ба кутуб рост наёяд

эй бехабар чанд баён нест мушаххас

Беном ва нишонаст ва далелат накунад суд

Онро ба яқини дон ки гумон нест мушаххас

Ташхис тавон кард аз ин боиси ҷон ро

Тани зинда ба ҷон омад ва ҷон нест мушаххас

Гуфтам камараши мӯи ғалатии танги даҳонаш

Гуфтам сари мӯе ба гумон нест мушаххас

Тасдиқи зи дил май талабади соҳиби девон

Исбот ба иқрор забон нест мушаххас

Зоҳид чаҳ қумоши амали хеши намое

Имрӯз на судаст ва зиён нест мушаххас

Ғайр аз ту вуҷӯдӣ нарасидааст ба исбот

Бо он ки туро ном ва нишон нест мушаххас

Дар каъбау бтхонаҳ тавон ёфт худо ро

Сиррӣаст ки дар ҳар ду ҷаҳон нест мушаххас

Аз он хабараш нест касеро ки ба як он

Дили баст ба чизе ки ду он нест мушаххас

Бар умр макун такяи хабардор ки мурдан

Сиррӣаст ки пайдо ва ниҳон нест мушаххас

Беруну дарун сайр намудем съидо

Дидем ки пайдо ва ниҳон нест мушаххас