Ҷомеъи рашки ҷинони файзи асари дидеми мо
Гўиё дар шоми дунёӣ дигар дидеми мо
Сақфи ҷомеъ бо Сироҷоти мунираш бе гумон
Осмону кавкабу шамсу қамари дидеми мо
Воъизон дар ҳар тарафи саргарми ваъзи хештан
Сархуш аз зикри худои девор ва дар дидеми мо
Бохабар бо бехабарро андарин дороломон
Бехабар аз хеш ва аз ҳақи бохабари дидеми мо
Ваъдаи фардои муҳайё дар димишқи имрӯз буд
Файзи шомашро фузунтар аз саҳари дидеми мо
Андарин маъбади раҳ файзаст бобу равзанаш
Дар дил ҳар бедилӣ аз ҳақи назари дидеми мо
Нури Аҳмад аз мазори ҳазрати яҳёи мубин
Ҳамчуи бенаии зи мардум дар басари дидеми мо
Қопўии ҷинат съидо нест ҷузи боби албрид
Аҳли ғуфронро аз ин дар , дар гузари дидеми мо