Танам чу рӯҳ сабк гашта дар ҳавои латиф

зи буии хеш чу гул кардаам ғизои латиф

Хаёл рӯй ту ороми дидау дили мост

Ба дард чашм насозад биҷузи давои латиф

Агарчӣ ғунчаи гул дар қабои ноз , хуш аст

Хушаст қомати сарви ту дар ъабои латиф

Латифро сару баррагӣ ба дардмандон нест

Магар ба дод съидо расад худои латиф