Лола ва сад барг раъно нест дар гулзори ишқ

Доғ навмидӣаст зеби гӯшаи дастори ишқ

Баси касод афтодааст ин ҷои қумоши худнамо

Нест савдои ғайри тарки хеш дар бозори ишқ

Сӯхтани куштан ба об андохтан бар ҳам задан

Аз азал инаст то рӯзи қиёмати кори ишқ

Ҳашар аз по уфтад ва маъзул гардад нафхи сувар

Гар навозади мутриби тақдири мўсиқори ишқ

Дар алоҷи дарди маҷнӯн эй ҳакими аҷзои мкўб

Бе шароби васли сиҳҳат кӣ шавад бемори ишқ ?

Рақс дорад бар дами шамшери хӯни куштагон

Кӣ сари Мансур заҳмат мекашад бар дори ишқ ?

Аз таманнои таҷаллии неи муродаши халқ буд

Балки исботи ҳақиқат буд дар такрори ишқ

Рози худ худ фош месозад съидо [ машки ишқ ]

Варна кӣ бошад касеро тоқати изҳори ишқ ?