Доне чаҳ буд бодаи гулгуни зи раги ток

Лаълӣаст ки карданд бурун аз ҷигари хок

Ҷуз пок наяндешаду ҷуз пок набинад

Дар ҳар ки буд дидаи ғамноку дили пок

Сад шева ба ҳар чашм задани бози намояд

Дилгир нагардад кас аз он чашми ғзбнок

Бе хӯни ҷигари фаҳми суханро натавон кард

Ҳар чанд ки дилсӯз буд шуълаи идрок

Овехтаи сад ҳалқаи ҷон бар сар ҳар мӯ

Дил дар чаҳ шумораст дар он ҳалқаи фитрок

Саҳрои фироқу раҳи он кӯии съидо

Даштӣаст балои хез ва тариқӣаст хатарнок