Чун тири печ ва тоб надорад камони мо

Покаст аз риёу ҳасади хонадони мо

Ғайр аз ҳадаф шудан назанад фоли дайгарӣ

Гар муҳраҳои қуръа шавад устихони мо

Дар хотираши сухани сари мӯе асар накард

Ҳар чанд мӯ кашид забон дар даҳони мо

Ҷое ки ғайри аҷз дигар ҳеҷ нест кам

Ҷузи бори нестӣ чаҳ баради корвони мо

Мӯии сиёҳи гашти сифед аз фироқи ёр

Шуд зғФрони зи меҳнати ғами арғавони мо

Дар интизори шуълаи овоз хушк шуд

эй андалеби хору хаси ошёни мо

Гӯши фалак чу дидаи ҳайрон наргис аст

Дар интизор то шунӯди достони мо

Миннати каши баҳор ва хазон нест боғи дил

Доғаст лола аз ҳаваси бӯстони мо

Гар заррае зи нури ҳақиқат ба мо расад

Хуршеди ҳамчу соя равад дар Аннани мо

Дар неку бади ҳақиқат мо мекунад зуҳӯр

Дар масҷиду кунишат буд достони мо

Ихвони сифоти гурги съидо гирифта анд

Гуё ки Юсуфӣаст дар ин корвони мо