Баради орзӯи хирмани мо хӯшаи чини мо
Аз даст норасо нанамуд остини мо
Ойӣнаи намӯна тимсол ҳайратем
Чун оби мавҷ хез набошад ҷабини мо
Аз шукру сабри зоиқаи мо гирифтаи ҳазз
Талхаст дар мазоқи касони ангабини мо
Доғаст ҳамчуи лолаи бедил дар ин чаман
Аз боғи рӯзгори гули дстчини мо
Омад аҷал ба дидан мо гиря кард ва рафт
Дорад магари асари нафаси вопасини мо
Ҳар дам дар ин чамани дили мо доғ ме шавад
Ҳаргиз ба ғайр лола нараст аз замини мо
Ҳаргиз намешавад зи дилами сӯрати ту маҳв
Хуш кандаанд номи туро дар нигини мо
Аз ҳар тарафи ҳаводиси дунёӣ бе мадор
Саф баста меравад зи ясору ямини мо
Чун моҳ дар хаёли рухи офтоб ӯ
Моро гудохт ҳайбати фикри матини мо
Дигар ба сайри боғи ҷаҳони брнхостим
То шуд ниҳоли қомат ӯ дилнишини мо
Мо зон сабаби тариқи маломат гирифта ем
Зоҳир шавад магари ҳунари айби байни мо
Гар ришта ҳаёт кунад нест ғам ки шуд
Ҳар тори мӯии зулфи ту ҳабли алмтини мо
зи ойини мо ҳар он ки съидо кунад савол
Фақраст кешу мазҳаб ва таркаст дайни мо