Дорад бути нозуки дилами сад ҷон ба қурбон дар бағал
Ҳар тори куфри зулф ӯ печидаи имон дар бағал
То осмон ҳо мерасад файз аз қаду болой ӯ
Дорад чаман аз сояаш сарви хиромон дар бағал
Субҳ биногвашаш кунад сад кори рӯзи ҳашар ро
То хуфтаи он зулфи дўтои хуршеди тобон дар бағал
Субҳии дамӣ бар хастагон бигузашт он исои нафас
Сад захмро марҳам ба кафи сад дарди дармон дар бағал
Дар бандагӣ чун зулф ӯ сад ҳалқа дар гӯши афканам
Аз меҳр агар биншинадам он моҳи тобон дар бағал
Бе хӯни дили зи ин бӯстони як гул намеояд ба каф
Ҳар булбулӣ дорад ниҳони сад ғунчаи пайкон дар бағал
Аз чашм ӯ дорам ҳазар зон рӯ ки дорад бе гумон
Ханҷари даруни остини шамшери урён дар бағал
Бигузашт чун боди сабои домани кашон бо хӯни дил
Бо он ки чашмаши борҳо хӯн карда пинҳон дар бағал
Қасд азимат карда ҷон аз дасти фарёди дилам
Ҳамсоя беором шуд зи ин Тифли гирён дар бағал
Аз дасти чашми маст ӯ кӣ дили тавонам бркнм
Дорад ба қасди ҷони ман сад дашнаи мижгон дар бағал
Дарё ба ин трдомнии дили шаста аз рӯй замин
Чизе надорад ғайри каф чун дасти урён дар бағал
Аз доғҳои ишқ ӯ имшаби съидо дар табам
Ҷон гашта гуё булбулӣ дорад гулистон дар бағал