Шуд шабнам бе меҳри равон бар варақи гул

Булбул шудаи сармасти зи буии арақи гул

Баси рехтае хӯни суроҳеи ту дар ин боғ

Оташ ба гулистон зада имшаби шафақи гул

Авроқи парешон шудааш сарф ҳавоӣ аст

Субҳӣ ки сабо тарҳ намӯда сабақи гул

Ҳукмаст ки бегул мегулранг нанӯшанд

Доғаст дили лола ваашон зи ин нсқи гул

Бурдор зи рухи пардаи номӯси ҷаҳон ро

Сарпӯш накардааст касе бар тибқи гул

Тадбиргари ҷумлаи муҳимоти съидо

Аз накҳати гули сохтаи сади рамақи гул