Ташбеҳ то ба ранг ту карданд рӯй гул

Ҳаргиз намеравад зи дилами гуфтугӯии гул

Имдод рафтан аз каф пое нахостам

Ҳар чанд хор кард марои ҷустуҷӯии гул

Дар сари хаёли сунбули зулфи ту доштам

Ошуфта шуд димоғи ман имшаби зи буии гул

Зинҳор эй насим хабардор бигузарӣ

Бисёр нозукаст дар ин фасли хуии гул

Булбули зи баси шикояти гулро баланд кард

Дигар намонад дар дили ман орзӯии гул

Соқии биёу духтари рузро ба ҷилваи ор

Бурдор парда аз рух ва башикан сабуии гул

Аз хӯни дил ба сарви равон об дода ем

Бошад зи ашки булбули мискини вузӯии гул

Қонеъ нишин дило ки ба як қатраи шабнамӣ

Ҳар субҳи меҳр ва моҳ кунад шустушӯии гул

Бисёр беҳиҷоб ба он рӯ назар макун

Наргиси надидаи тези съидо ба сӯии гул