Неи ҳамин аз худнамоеи поу сар печида ам
Хешро дар ҷайби сад айбу ҳунар печида ам
Ҳарчӣ бо гардун дун додам ҳамонам боз дод
Чун садои ин кӯҳро ман бар камар печида ам
Ботини худро ба зоҳири нек гардонида ам
Ин бидон монад ки айбӣ дар ҳунар печида ам
Фикри зулфаш то набинад ҳамчуи машки афсурдагӣ
Чун зё дар пардаҳои чашмтар печида ам
ӯ муназзаҳ бӯдааст аз нақду ҷинсу хайру шар
Ман абас бар тору пуди хайру шар печида ам
Қатраи хӯнӣ ба бедорӣ барояд мушкил аст
зи ин раги хобӣ ки ман бар нештар печида ам