эй ки май гӯйии худои хешро чун дида ам

Чун ту мегӯйӣ бигӯям бо ту бичўн дида ам

Даст аз домон гулгунаш нахоҳам доштан

Нашъаҳо аз партави он рӯй гулгун дида ам

Дар дил худ кардаам сайри саводи аъзамӣ

Он сувидои хонаро дар бар маҷнӯн дида ам

Хондаам мазмуни девони қазоро борҳо

Ҳарчӣ омад дар назари мисроъи мавзун дида ам

Хирагӣ мекард чашм аз дидани дидори ғайб

Дар миён ҳар гуҳи съидои хешро чун дида ам