Рух ту дидам ва дар олам дигар рафтам

Тамом дил шудам ва аз пай назар рафтам

Ба ҳар чаман ки зи хату рух ту кардам ёд

Миёни сабза ва сад барг то камар рафтам

Чу шишаи сархушу соФидли омадам дар базм

Чу офтоб ба сари барадам ва ба сар рафтам

Чу тири каҷи ақаб афтода будам аз матлаб

Ба зӯри боду ҳаво гарчи пештар рафтам

Барои он ки хабар ёбам аз ҳақиқати кор

Биёмадам ба сад умед ва бехабар рафтам

Ҳамон зи бахти сияҳи бози сар бурун кардам

Чу хома то ба гулӯгар дар об зар рафтам

зи бахти тира съидо наёфтам хабарӣ

Чу офтоби басӣ гарчи дрбдр рафтам