Агарчӣ дар назари халқ эътибор надорам

Вале чу оина дар дили зи кас ғубор надорам

Маро ки шуҳра ба саргаштагӣ шудам чаҳ кунам

Чу ҷоми бода ба гардидан ихтиёр надорам

Агарчӣ як гул аз ин бӯстон начед дилам

Ҳазор шукр ки дар сина хорхор надорам

Ба ғайри сояи зулфин офтоби паноҳаш

Ба рӯзи ҳодиса [ ҷое ] дар ин диёр надорам

зи чашм халқ напечам ба сад ҳунари як айб

Гадои ишқам ва аз далқи пора ор надорам

Гузаштам аз се ва панҷ ва дуе ту эй зоҳид

Бирав бирав ки сару барги ин қимор надорам

Сараш нахонам ва аз дӯш худ биндозам

Ба пои дор , сирриро ки пойдор надорам

Мабод сояи боди хазон кам аз чаманам

Ки тоби миннати сарсабзӣ баҳор надорам

Ба кӯии ишқи марои пойдор кӣ хонанд

Ҳазор бор агар сар ба пой дор надорам

Ба рӯзи воқеа дар зери ток дафн кунед

Маро ки тоқати як лаҳза хумор надорам

Хаёли дӯсти марои бас ки аз назокати табъ

Димоғи бӯсаи съидои сар канор надорам