з даст рафтаму умед дастёр надорам
Бараҳна поему миннати зи пой зор надорам
Чаро зи боди мухолифи дилам ғамин гардад
Нишаста киштем умед аз канор надорам
Манам чу оинаи занги баста дар ин давр
Ки пӯшишӣ ба тани хеши ҷуз ғубор надорам
Нафаси нафаси дилам аз хеш мекунад парвоз
зи дасти хеш вале қӯт фирор надорам
Ба ранги зарди худ аз гул наме кашами миннат
Агарчӣ пеши ту чун коҳ эътибор надорам
Чаҳ шикваҳо ки надорам зи дасти он глрў
Вале ба рӯй гулати тоқат шумор надорам
Чу булбулӣ ки пару боли хеш рехта аст
Дар ин чамани пар ва [ баррагӣ ] ба шохсор надорам
Дилами зи ғайри чунон пок гаштааст имрӯз
Ки худ дар ин ҳарами хоси хеш бор надорам
Ба як қарори съидо чигуна зист кунам
Манам ки дар дили худ як нафас қарор надорам